Январ 18, 2017 10:19 Asia/Dushanbe
  • Истирдоди як узви “Гурӯҳи 24” аз Русия ба Тоҷикистон

Як узви гурӯҳи сиёсии мамнуъ дар Тоҷикистон аз Русия ба Душанбе истирдод шудааст.

Ба гузориши сайти akhbor.com, Абдураҳим Восев як фаъоли сиёсии узви “Гурӯҳи 24”, ки дар Тоҷикистон ба иттиҳоми ифротгароӣ ва даъват барои барандозии низоми сиёсии ин кишвар таҳти пайгард қарор дошт, ба Душанбе истирдод шудааст.

Абдураҳим Восев дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфтааст, ки маъмурони полиси Русия вайро, аз боздоштгоҳи вилояти Брянск, ба баҳона ихроҷ аз ин кишвар савори ҳавопаймои ширкати "Сомон Эйр” кардаанд.

Вай дар соли 2013 замоне, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми маҳкумияти Зайд Саидов фаъоли бахши хусусии ин кишварро эълом кард, хостори рафтан ба зиндон ба ҷойи Саидов шуда ва мӯътақид буд, ки озодии Зайд Саидов манофеи зиёде барои хонаводаҳои фақир ва ниёзманд дорад.

Аммо пас аз мамнуъияти фаъолияти “Гурӯҳи 24”дар Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 2014 Абдураҳим Восиев дар Маскав боздошт ва пас аз фишорҳои созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар баъд аз як сол озод шуд.

Вай сипас талош кард, ки ба кишварҳои аврупоӣ паноҳ бибарад, вале марзбонон рус ҳангоми убур аз марзи ин кишвар бо Беларус Восиевро ба иттиҳоми тақаллуби аснод боздошт карданд.

 Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон аз соли 2014 то кунун теъдоде аз аъзо ва фаъолони “Гурӯҳи 24”-ро, ки аз Русия истирдод шудаанд, ба зиндонҳои тулонимуддат маҳкум кардаанд.