Январ 18, 2017 10:37 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон барои узвият дар Иттиҳодияи Авруосиё шитоб намекунад

Муовини Кумитаи давлатии гумруки Тоҷикистон муътақид аст, ки ин кишвар барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё шитоб нахоҳад кард.

Ба гузориши сайти Авесто, Хуршед Каримзода дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст: Пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ниёз ба баррасӣ ва замони бештаре дорад ва бояд паҳлуҳои мусбат ва манфии он ба диққат мутолиа шавад.

Каримзода мавзӯи аслӣ дар баҳси пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро арзаи маҳсулоти ин кишвар ба бозори муштараки ин иттиҳодия донист ва афзуд: Маҳсулоти Тоҷикистон бояд мутобиқ бо меъёрҳо ва стандартҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё бошад, ки дар ин замина тардидҳои фаровоне вуҷуд дорад.

Вай бо ишора ба заъфи қудрати рақобати маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё гуфт: Ин вазъ зиёнҳои молии фаровонеро барои ин ҷумҳурӣ дар пай хоҳад дошт.

Муовини Кумитаи давлатии гумруки Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард: Қимати тамомшудаи нуриҳои химиёвӣ, сӯзишворӣ ва мошинолоти кишоварзӣ, ки аз дигар ҷумҳуриҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ба Тоҷикистон ворид мешавад, ба таври қатъӣ рӯйи қиматҳо дар ин кишвар таъсир хоҳад гузошт.

Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон аъзои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳастанд.