Январ 18, 2017 11:47 Asia/Dushanbe
  • Сафари муовини нахуствазири Русия ба Тоҷикистон

Муовини аввали нахуствазири Русия барои ҳалли ихтилофи ин кишвар бо Тоҷикистон бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ, 26 январ ба Душанбе сафар мекунад.

Ба гузориши сайти Азия-Плюс, манобеи ҳукумати Тоҷикистон эълом кардаанд: Игор Шувалов барои баргузории иҷлоси комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Русия ва Тоҷикистон ба Душанбе сафар мекунад ва дар дидор бо мақомоти ин кишвар мавзӯи поён додан ба ихтилофи Душанбе ва Маскав бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбариро баррасӣ хоҳад кард.

Муовини аввали нахуствазири Русия ҳамчунин дар дидор бо раиси ҷумҳурӣ ва нахуствазири Тоҷикистон ва раиси тоҷикистонии комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар бар сари густариши ҳамкориҳои Маскав ва Душанбе баҳсу табодули назар хоҳад кард.

Қаблан Максим Соколов вазири ҳамлу нақли Русия таъкид карда буд, ки ин кишвар нияти ташдиди ихтилоф бо Тоҷикистонро бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ надорад ва аз Душанбе мехоҳад, ки ба тааҳҳудоташ дар заминаи тавофуқоти дуҷониба амал кунад.

 Пеш аз ин Русия бо ин иддао, ки идораи ҳавопаймоии кишварии Тоҷикистон ба ширкати ҳавоии "Ямал"-и Русия муҷаввизи парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро надодааст, муҷаввизи парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр"-ро лағв кард, ки ин иқдом, сабаби саргардонии теъдоди зиёде аз мусофирони тоҷик дар шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург шуд.

Ихтилофи Душанбе ва Маскав бар сари парвози ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ аз 19 декабри соли гузаштаи 2016 ҳамчунон идома дорад.