Шиносномаи Тоҷикистон ҳафтодумин пасспорти мӯътабари ҷаҳон
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид ба 54 кишвари дунё сафар кунанд.
Ба гузориши сайти akhbor.com, дар шохиси радабандии ҷаҳонӣ, ки дар пойгоҳи интернетии “Passport Index 2017” дарҷ шудааст, эътибори шиносномаи Тоҷикистон дар байни 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид дар ҷойгоҳи ҳафтодуми ҷаҳон қарор дорад ва афроди дорои ин шиноснома метавонанд ба 54 кишвар дунё бидуни раводид сафар кунанд.
Бар асоси ин радабандӣ, эътибори шиносномаи Тоҷикистон бо кишварҳои африқоии Гвинея ва Соҳили Оҷ ва низ Узбакистон дар як радиф қарор гирифтааст.
Ҳамчунин бо гузарномаи Афғонистон ба 23 кишвар, бо гузарномаи Қирғизистон ба 58 кишвар, Қазоқистон ба 69 кишвар ва Туркманистон ба 49 кишвар метавон бидуни раводид сафар кард.
Бар асоси ин радабандӣ дар миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил гузарномаи Русия барои вуруди бидуни раводид ба 103 кишвар, бештарин эътиборро дорад.
Тибқи эъломи пойгоҳи интернетии “Passport Index 2017”, гузарномаи Олмон мӯътабартарин гузарномаи ҷаҳон аст, ки дар 157 кишвари дунё бидуни виза эътибор дорад.
Ҳамчунин гузарномаҳои Шветсия ва Сингапур дар 156 кишвар ва Фаронса, Биритания, Дания, Амрико, Финляндия, Швейдсария, Испания ва Норвегия дар 155 кишвари ҷаҳон бидуни виза мӯътабар аст.