Интиқоли Фурудгоҳи байналамилалии Душанбе ба хориҷ аз шаҳр
Январ 18, 2017 15:32 Asia/Dushanbe
Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба хориҷ аз ин шаҳр мунтақил мешавад.
Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфт: Фурудгоҳи шаҳри Душанбе аз дохили ин шаҳр хориҷ мешавад.
Ҷамшед Аҳмадзода раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт: Пеш аз ин низ борҳо тарҳи интиқоли Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар нақшаи куллии пойтахт ворид ва аз он ҳазф шудааст.
Ҷамшед Аҳмадзода афзуд: Интиқоли фурудгоҳ ба хориҷ аз шаҳр ҳазинаҳои зиёде дорад, аммо қарор аст ин тасмим иҷроӣ шавад.