Ҳузури 440 суғдӣ дар ҷангҳои хориҷӣ
(last modified Wed, 18 Jan 2017 10:40:30 GMT )
Январ 18, 2017 15:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури 440 суғдӣ дар ҷангҳои хориҷӣ

 440 нафар аз аҳолии вилояти Суғд дар ҷангҳои хориҷӣ ҳузур доранд.

Абдурраҳмон Қодирӣ раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт: Аз ин теъдод 322 нафар дар ҷанги Сурия алайҳи давлати ин кишвар меҷанганд, ки 39 нафари онон ба ҳамроҳи хонаводаҳояшон ба Сурия рафтаанд.

Қодирӣ афзуд: 42 нафар аз ин афрод мардони ҷавон ва 28 нафар духтарон буда ва дар маҷмӯъ то кунун 51 тан аз онон кушта шудаанд.

 Раиси вилояти Суғд гуфт: Дар ҷангҳои Афғонистон низ 51 нафар ва дар даргириҳои Покистон 73 нафар аз сокинон Суғд мушорикат доранд.

 Қодирӣ дар айни ҳол аз коҳиши омори сокинони вилояти Суғд дар ҷангҳои хориҷӣ хабар дод ва афзуд: Огоҳии мардум аз тавтиаҳои баъзе кишварҳо ва гурӯҳҳо дар ин замина афзоиш ёфта ва иттилорасонӣ дар ин хусус дар ҳамаи шаҳрҳо ва ноҳияҳои ин вилоят идома дорад.