Август 03, 2016 09:42 Asia/Dushanbe
  • Қарзи Ширкати давлатии Барқи тоҷик ба 12 миллиард сомонӣ расид

Ширкати давлатии Барқи тоҷик ба Вазорати молияи Тоҷикистон ва нерӯгоҳҳои Сангтӯда 1 ва 2, 12 миллиард сомонӣ қарз дорад.  

Мудири умури молии Ширкати давлатии Барқи тоҷик мизони қарзи ин ниҳодро 12 миллиард сомонӣ (беш аз як миллиард доллар) эълом кард.

Ба иттилои сайти Авесто, Рустам Маҷидов гуфтааст, ки 10 миллиард сомонӣ аз ин қарз марбут ба Вазорати молияи Тоҷикистон бо бозпардохти 25 сола ва боқимондаи он қарзҳои кӯтоҳмуддате аст, ки Ширкати давлатии Барқи тоҷик аз ҳукумат дархости бахшудагии онҳоро кардааст.

Маҷидов қарзи ин ширкат ба нерӯгоҳи барқӣ-обии "Сангтӯда 1"-ро, ки саҳҳом он мутааллиқ ба Русия аст, беш аз 627 миллион сомонӣ ва қарз ба нерӯгоҳи барқӣ-обии "Сангтӯда 2" бо саҳҳомдории Эронро беш аз 249 миллион сомонӣ эълом кардааст.

Рустам Маҷидов гуфтааст, ки бар асоси созишнома бо мудирияти нерӯгоҳи барқӣ-обии "Сангтӯда 1" қарор шуда, ки қарзи Ширкати давлатии Барқи тоҷик ба ин марказ то  соли 2025 пардохт шавад.

Вай афзуд: Ҳамчунин ба зудӣ дар Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории Тоҷикистон ва Эрон дар бораи наҳваи пардохти қарзи ин ширкат ба нерӯгоҳи барқӣ-обии "Сангтӯда 2" тасмимгирӣ хоҳад шуд.

Мудири умури молии Ширкати давлатии Барқи тоҷик ҳамчунин аз қарзи 621 миллион сомонии бахши хонагӣ ба ин ширкат хабар дода ва гуфтааст: Ширкати аломиниюми Тоҷикистон низ бузургтарин қарздори Ширкати давлатии Барқи тоҷик дар миёни корхонаҳои тавлидии ин кишвар аст.

Барчасп