Даргузашти генерали тоҷик дар ҳодисаи ронандагӣ
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i12127-Даргузашти_генерали_тоҷик_дар_ҳодисаи_ронандагӣ
Хабаргузории Тренд гузориш дод, мушовири вазири дифои Тоҷикистон дар ҳодисаи ронандагӣ ҷон бохтааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 19, 2017 07:17 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти генерали тоҷик дар ҳодисаи ронандагӣ

Хабаргузории Тренд гузориш дод, мушовири вазири дифои Тоҷикистон дар ҳодисаи ронандагӣ ҷон бохтааст.

Генерал Зариф Шарифзода, солҳои 2014 то 2016 сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ Тоҷикистон буд.

Ба гуфтаи бархе манобе дар вазорати дифои Тоҷикистон, арзёбиҳои аввалия нишон медиҳад, генерал Шарифзода- шомгоҳи 18 январ дар ҳоли ронандагӣ дар наздикиҳои хонааш дар шаҳри Душанбе, бар асари тасодуф ҷони худро аз даст додааст.

Ҳанӯз ин ҷузиёт аз сӯи ниҳодҳои расмӣ таъйид нашудааст.

Генерал Зариф Шарифзода ба ҳангоми марг 46 сол дошт.