Январ 21, 2017 10:07 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани ду тоҷикистонии узви ДИИШ дар Афғонистон

Мақомоти маҳаллӣ дар устони Нангарҳор дар шарқи Афғонистон аз кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон ва ду покистонии узви гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ин минтақа хабар доданд.

Ба гузориши сойти "Хома пресс", мақомоти амниятӣ дар устони Нангарҳори Афғонистон гуфтаанд, ки ин 4 нафар  узви гурӯҳи террористии ДИИШ ахиран дар пайи ҳамалоти ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини нерӯҳои низомии хориҷии мустақар дар ин кишвар кушта шудаанд.

Атоуллоҳ Хугиёнӣ-устондори Нангарҳор муддаӣ аст, ки бештари ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии ДИИШ аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон дар урдугоҳҳои омӯзишии террористӣ дар қаламрави Покистон, давраҳои мухталифро фаро мегиранд ва вориди қаламрави Афғонистон мешаванд.

 Дар тобистони соли гузашта ҳам Хадамоти амнияти миллии устони Бадахшони Афғонистон, аз кушта шудани ду шаҳрванди тоҷикистонии узви гурӯҳи Толибон дар минтақаи Кафоби ин устон хабар дод буданд.

Ҳамчунин ин мақомот тасвири яке аз шаҳрвандони тоҷикстонии кушта шуда дар ин даргирӣ, ба ном Исоро мунташир карда буданд.

 

 

Барчасп