Афзоиши ихроҷи коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия
Гузоришҳои расида аз Русия баёнгари идомаи ихроҷи муҳоҷирон аз ин кишвар аст. Бахши аъзами муҳоҷироне, ки Русия аз марзаш берун мекунад, муҳоҷирони тоҷик мебошанд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта Русия танҳо аз ҳисоби фурӯши патент ба муҳоҷирон беш аз 700 миллион доллар фоида ба даст овардааст.
Ба иттилои сайти Ахбор, Хадамоти приставҳои вилояти Ярослави Русия дар ин ҳафта боз 11 муҳоҷир аз Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбекистонро тавассути фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд. Хадамоти приставҳо мегӯяд, ин муҳоҷирон қонунҳои будубош ва кор дар Русияро вайрон карда, бо қарори додгоҳ барои муддати аз 3 то 5 сол аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум карда шудаанд. Приставҳои Ярослав ин 11 муҳоҷирро дар Домодедово ба ҳавопаймоҳои роҳии кишварҳои зодгоҳашон савор кардаанд.
Аз ин қабл Хадамоти приставҳои вилояти Свердловски Русия хабар дод, ки танҳо дар ду ҳафтаи аввали соли нав ва танҳо аз ҳудуди шаҳри Екатеринбург 72 муҳоҷири ғайриқонуниро ихроҷ кардаанд. Аз ҷумла ҳафтаи гузашта дар як рӯз аз ин шаҳр якбора 36 нафарро берун кардаанд.Муҳоҷирони ихроҷшуда аз Узбекистону Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон будаанд.
Хадамоти приставҳои вилояти Калининград дар ин ҳафта аз ихроҷи 6 муҳоҷир ба Узбекистон хабар дода, намояндагони ин идора дар вилояти Оренбург мегӯянд, аз аввали сол 10 муҳоҷир, аксаран аз Тоҷикистонро аз марзи Русия берун кардаанд. Дар Оренбург боз 37 муҳоҷири дигар, низ аксаран аз Тоҷикистон дар интизори ихроҷ аз қаламрави Русия будаанд.
Мақомоти Русия мегӯянд, шумори онҳое ки ба далели вайрон кардани қонунҳои муҳоҷират аз ҳаққи бозгашт ба ин кишвар маҳрум карда шудаанд, ба 1,7 миллион нафар расидааст. 304 ҳазори онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.