Январ 23, 2017 10:38 Asia/Dushanbe
  • Бештарин теъдоди аъзои ДИИШ аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ҳастанд

Раиси вилояти Хатлон аз инки бештарин теъдоди аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ аз ноҳияи Бохтари ин вилоят ҳастанд, ба шиддат ибрози нигаронӣ кард.

Ба иттилои Азия-Плюс, Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода таъкид кард, 96 нафар аз сокинони ноҳияи Бохтар аз ҷумла 12 зану 17 кӯдак дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд, ки ин рақам дар вилояти Хатлон бештарин теъдоди афроди гароишёфта ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба ҳисоб меояд.

Вай аз кушта шудани 11 сокини ноҳияи Бохтар дар даргириҳои Сурияву Ироқ хабар дод ва аз сарнавишти занону кӯдакони ин афрод дар Сурия ибрози нигаронӣ кард.

Раиси вилояти Хатлон гуфт, 408 сокини ин вилоят дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ ҳузур доранд, ки аксари онон ҳайни кор дар Русия ба унвони коргари муҳоҷир аз сӯи мубаллиғони ин гурӯҳи такфирӣ ҷазб шудаанд.

Вай тақвияти фаъолиятҳои таблиғотӣ дар миёни коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия аз ҷумлаи сокинони вилояти Хатлонро бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз пайвастани онон ба гурӯҳи террористии ДИИШ хостор шуд.

Бар асоси гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҳазору 100 шаҳрванди ин ҷумҳурӣ дар таркиби гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурияву Ироқ ҳузур доранд, ки 150 нафари онон бо хонаводаҳояшон ба ин ду кишвари арабӣ рафтаанд.