Қадрдонии Зуҳуров аз подшоҳи Арабистон
Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд- подшоҳи Арабистони Саудӣ зимни мулоқот бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистонро шарики муҳими Арабистони Саудӣ дар минтақа номид.
Ба иттилои Ховар, дар робита ба ин, ходими ҳарамайни шарифайн ба роҳбарони вазорату идораҳои марбута дастур дод, ки барои рушди ҳамаҷонибаи робитаҳо бо Тоҷикистон, хусусан дар самти густариши равобити иқтисоди, сармоягузорӣ ва ҳавасманду сафарбар намудани доираҳои соҳибкории мамлакат, инчунин тавсеаи ҳамкории фарҳангӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки муносиботи Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ беш аз пеш густариш меёбанд.
«Мо омодагии худро барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун бо Арабистони Саудӣ бори дигар изҳор менамоем»,-гуфт Ш. Зуҳуров.
Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамзамон доир ба кумакҳои башардӯстонаи Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳоҷиёни тоҷик ва дастгирии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои сиёсию молиявии минтақа, назири Созмони Ҳамкории Исломӣ, Бонки исломӣ оид ба рушд, ки дар онҳо Арабистони Саудӣ нақши муҳим дорад ва ҳамзамон Фонди Саудии рушд ва Маркази Подшоҳ Салмон оид ба кумакҳои башардӯстона ибрози назар намуда, миннатдорӣ баён кард.
Бо дахли густариши робитаҳои байнипарлумонӣ Шукурҷон Зуҳуров сафарҳои баландпояи ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудиро ба давлатҳои ҳамдигар унсури таркибии маҷмӯи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории созандаи байни ду кишвар арзёбӣ намуд.
Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд боздиди ҳайати парлумонии Тоҷикистонро ба Арабистони Саудӣ фоли нек арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки ин сафар барои таҳкими ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоямон фазои мусоид фароҳам меорад.