Тағйироти кадрии нав дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 23 Jan 2017 10:57:59 GMT )
Январ 23, 2017 15:57 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрии нав дар Тоҷикистон

Президенти Тоҷикистон як гурӯҳ кадрҳои дар Дастгоҳи иҷроияи президент, вазорату идораҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйиншударо ба ҳузур пазируфтанд.

Ба иттилои сайти президенти Тоҷикистон, бо фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон, Ашурбой Солеҳзода, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ,  Худоёр  Худоёрзода, вазири нақлиёт, Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Тоҳир Нурзода, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин шудаанд.  

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон пешниҳод кардааст, ки Дилмурод Давлатзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз мақоми раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон озод карда шавад ва Фаррух Ҳамрализода, раиси ин Палата таъин гардад.

Абдумаҷид Ҳакимзода, директори Муассисаи давлатии телевизиони «Ҷаҳоннамо» ва Солеҳзода Искандар, муовини Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон озод гардиданд.

Асват Асоев ҳам аз вазифаи аз вазифаи муовини директори Агентии омори Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромаданашон озод карда шуд.  

Дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон ба вазифаҳои Сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Синои шаҳри Душанбе ва Варзоб кадрҳои соҳибтаҷриба таъйин гардиданд.

Президенти Тоҷикистон аз кадрҳои ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда таъйингардида, садоқат ба халқу миллат ва хизмати софдилонаро талаб намуд.