Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 23 Jan 2017 14:05:50 GMT )
Январ 23, 2017 19:05 Asia/Dushanbe
  • Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи тағйироти кадрӣ дар кобинаи давлати ин кишвар, Шералӣ Ганҷалзодаро аз мақоми вазири нақлиёт барканор ва ба вазифаи муовини ҳамин вазорат таъйин кардааст.

Ҳамзамон Худоёр Худоёрзода аз  мақоми раиси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон озод шуда, вазири нақлиёти Тоҷикистон мансуб шудааст.  Худоёр Худоёрзода дар гузашта дар симтаи муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон кор карда буд.

Дар идомаи ин тағйироти кадрӣ ба курсии холишудаи раиси Оҷонсии назорати молӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон  Сулаймон Султонзода таъйин шудаст.

Сулаймон Султонзода, ки моҳи ҷорӣ  41-сола мешавад,  то соли 2015 дар мақомоти доситонии низомӣ кор карда,  аз соли 2015 бад- ин сӯ  сардори раёсати кадрҳои додситонии кулли Тоҷикистон буд.

Инчунин рӯзи 23 январ сомонаи расмии раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки бо фармонҳои президент  Ашӯрбой Солеҳзода  ёвари раиси ҷумҳур дар умури  иқтисодӣ,  Файзиддин Қаҳҳорзода - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Хоҷаназар Имомназар - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯшони Вилояти Бадахшон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои дигар, Дилмурод Давлатзода аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш барканор шуда, Фаррух Ҳамрализода барои раёсати ин ниҳоди олии бозрасии молӣ,  пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин тиқби қарорҳои дигари ҲТ муовини ҷадиди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардӣ  ва ожонси мубориза бо фасод  мансуб шуда, ҳамзамон Маҳмадзариф Шарифзода раиси Корхонаи махсуси “Тиллои тоҷик” ва Ҷалил Пиризода раиси пажуҳишгоҳи иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Дар баробари ин  Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз тағйироти кадрӣ дар ин ниҳод иттилоъ дод, ки имрӯз, 23-юми январ дар мувофиқа  бо раисиҷумҳур амалӣ шудаанд.

Ба гуфтаи ин манба  Солеҳзода Искандар аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилӣ озод карда шуда, ба мақоми сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон таъин гардидааст.

Инчунин тибқи ин тағирот афроди ҷадид ба симтаҳои сардори колеҷи пулис дар шаҳри Кулоб, шӯъбаи масоли зистмуҳитии ВКД, раҳбарони шубаъҳои пулис дар навоҳии Сино ва Шоҳмансури шаҳри душанбе ва ноҳияи Варзоб мансуб шудааст.

Дар хабари сомонаи РҶТ  таъкид шудааст, ки "аксарияти кардҳои таъиншуда  ҷавонони соҳибзавқу тарбиятдидаи мактаби роҳбарии замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳастанд".

Бояд гуфт ҳамасола бо шурӯъи соли нави мелодӣ  дар Тоҷикистон маъмулан дар сохторҳои муҳими давлатӣ  ва раҳбарияти шаҳру навоҳӣ тағироти кардӣ сурат мегирад.

Муҳимтари тағироти кадрии моҳи январи соли ҷорӣ ин аз симати шаҳрдори Душанбе барканор шудани Маҳмадсаид Убайдуллоев буд, ки тайи 20 соли ахир шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон буд.

Рӯзи 12 январ  Маҳмадсаид Убайдуллоев  аз мақомаш озод карда шуд ва ба ҷои ӯ  Рустами Эмомалӣ - писари бузурги Эмомалӣ Раҳмон шаҳрдорӣ Душанбе таъин шуд.  

Бо назардошти он ки аксари масъулини аз мақом барканоршуда, бо истилоҳи бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудаанд, эҳтимол дар ояндаи наздик тағироти навбатии кадрӣ дар сохторҳои мухталифи давлати Тоҷикистон сурат бигирад.