Боздошти беш аз 30 навҷавон дар Душанбе
Полиси Душанбе беш аз 30 навҷавонро ба иллати ҳузури то нимашаб дар кафе-интернетҳо боздошт кард.
Ба гузориши сайти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, навҷавонони боздоштшуда, ки донишомӯз ва саргарми бозиҳои роёнаии хашин буданд, дар амалиёти вижаи полис дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахти Тоҷикистон дастгир шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ин ҷавонон дар ҳузури волидайну муаллимони худ бо хатарҳои эътиёд ба бозиҳои хашин ошно ва сипас озод шудаанд.
Бо ин ҳол, волидайни ин донишомӯзон ба хотири нақзи қонуни масъуляти падару модар дар таълиму тарбияти фарзандон ва низ моликони ин воҳидҳо ҷарима шудаанд.
Мақомоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон пеш аз ин ба моликони кафе- интернетҳо ҳушдор додаанд то ба донишомӯзони мактабҳо ба унвони муштарӣ иҷозаи вуруд ба ин маконҳоро надиҳанд.