Камбуди сармоя дар Тоҷикистон барои тавсиаи кишоварзӣ
Раиси Созмони давлатии замин ва обёрии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки ин кишвар барои кишти заминҳои нав ба миллионҳо доллар сармоя ниёз дорад.
Ба гузориши Азия-палюс, Холмроди Раҳмон гуфтааст, ки дар ин кишвар имкони кишти 800 ҳазор гектар заминҳои нав вуҷуд дорад, ки бидуни ҷазби сармояи хориҷӣ ғайримумкин аст.
Раиси Созмони давлатии замин ва обёрии Тоҷикистон, набуди мошинолоти кишоварзӣ, суди болои вомҳои банкӣ, гаронии сӯзишворӣ ва кудҳои химиёвӣ ва қарзҳои ширкатҳои кишоварзӣ бобати барқи масрафиро аз мушкилоти умдаи ин бахш унвон карда аст.
Холмроди Раҳмон афзуд: Қарзҳои ширкатҳои кишоварзӣ ба Ширкати давлатии Барқи Тоҷик бобати барқи масрафӣ дар фасли тобистон ба 75 миллион сомонӣ расидааст.
Раиси Созмони давлатии замин ва обёрии Тоҷикистон бо ишора ба зарурати кишти заминҳои нав дар Тоҷикистон ба манзури рушди бахши кишоварзӣ ва афзоиши тавлиди маҳсулоти мавриди ниёзи мардум таъкид кард: Масъулони ин ниҳод барои амалӣ кардани тарҳи кишти заминҳои нави кишоварзӣ музокиротеро бо сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла чиниҳо оғоз кардаанд.
Кишти як гектар замини нав дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон 10 то 20 ҳазор доллар ҳазина дорад.