Шаҳодати 1200 фаластинӣ дар шимоли Ғазза
(last modified Fri, 01 Nov 2024 13:18:40 GMT )
Ноябр 01, 2024 18:18 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 1200 фаластинӣ дар шимоли Ғазза

Муҳосираи як моҳи ахири шимоли борикаи Ғазза аз сӯи саҳюнистҳо боиси шаҳодати дастикам ҳазору 200 ғайринизомии фаластинӣ шудааст.

Ба гузориши “Алҷазира”, Вазорати беҳдошти Фаластин дар ҷадидтарин гузориши худ эълом кард, артиши Исроил дар ҳоли қатли ом ва ҳадаф қарор додани амдии урдӯгоҳҳои оворагони фаластинӣ дар шимоли борикаи Ғазза, ба вижа Байти Лоҳиё аст ва талафоти сангине ба ғайринизомиён ҳамзамон бо нобудии системаи беҳдошту дармони ин минтақа ворид овардааст.

Мунир Албурш, аз мақомоти Вазорати беҳдошти Фаластин дар ин бора гуфт: Исроил ба ҷиноёту наслкушии фаластиниён дар шимоли Ғазза идома медиҳад ва ба таври ҳамзамон аз вуруди ғизо, дору ва ақломи зарурӣ ба шимоли Ғазза ҷилавгирӣ карда ва дар ҳоли поксозии қавмии ин минтақа аст.

Ин дар ҳолест, ки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ дар соъоти ахир бори дигар манотиқеро дар шимоли борикаи Ғазза бомбаборон карданд.