Январ 25, 2017 11:58 Asia/Dushanbe
  • Сабабҳои хомушии барқ дар саросари Тоҷикистон мушаххас мешавад

Вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон аз идомаи баррасиҳо барои ташхиси сабабҳои хомуш шудани барқ дар саросари ин кишвар дар рӯзи 28 октябри соли 2016 хабар дод.

Ба гузориши сайти Авесто, Усмоналӣ Усмонзода дар нишасти хабарии масъулони ин вазорат дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки гурӯҳи кории вижаи ҳукуматӣ, шомили мутахассисоне аз вазоратҳои мухталифи Тоҷикистон машғули баррасии далелҳои ин ҳодиса ва муҳосибаи зарарҳои иқтисодии он аст.

Ба гуфтаи вазири энержӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон: Хомуш шудани 3 соат барқ дар навбати шаб ва замоне иттифоқ афтод, ки бештари корхонаҳои саноатии ин кишвар фаъолият намекарданд, аммо ба Корхонаи алюминийи Тоҷикистон зарарҳое ворид шуда, ки дар ҳоли баррасӣ аст.

Манобеи мустақил пеш аз ин эълом карда буданд, ки бар асари хомуш шудани барқ дар саросари Тоҷикистон ба Корхонаи алюминийи ин кишвар, ки бахши умдаи барқи тавлидии неругоҳи Норакро масраф мекунад, зарарҳои зиёде ворид шуда аст.

Ин манобеъ бардошта шудани маҳдудияти барқ дар рӯзи 14 январ дар Тоҷикистонро низ натиҷаи аз кор афтодани бахшҳое аз ин корхона медонанд, ки заминаи интиқоли барқи бештар ба бахши хонагиро фароҳам карда аст.

Бистуҳаштуми октябри сол 2016 дар пайи вуқӯи мушкилоти техникӣ дар неругоҳи барқи обии Норак, барқи 90 дарсади манотиқи Тоҷикистон барои муддати 3 соат хомуш шуд.