13 шарти Бонки рушди Осиё барои пардохти кумак ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 25 Jan 2017 14:32:44 GMT )
Январ 25, 2017 19:32 Asia/Dushanbe
  • 13 шарти Бонки рушди Осиё барои пардохти кумак ба Тоҷикистон

Бонки тавсеаи Осиё эълом кард, дар сурате 50 миллион доллар кумаки дархостии Тоҷикистонро пардохт хоҳад кард, ки душанбе 13 шарти ин бонк ба хусус афзоиши нархи барқро иҷро кунад.

Ба иттилои Ирно, Си Си Ю, раиси дафтари намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон дар нишасте матбуотӣ бидуни ишора ба дигар шартҳои ин бонк афзуд: Дар сурате, ки Тоҷикистон шартҳои ин бонкро бипазирд, барномаи кумаки 50 миллион долларӣ ба будҷаи ин кишварро дар се моҳаи аввали имсол амалӣ мекунад.

Бонки тавсеаи Осиё дар яке аз шартҳои худ аз давлати Тоҷикистон хостааст, қиммати барқро бозбинӣ кунад ва нархи онро барои пойгоҳҳои обрасонӣ ва шаҳрвандон боло бубарад ва дар иваз барои корхонаҳо ва паймонкорони бахши хусусӣ коҳиш диҳад.

Си Си Ю гуфт: Дар Тоҷикистон барои мардум ва ба хусус бархе аз гурӯҳҳо баҳои барқ арзонтар таъин шудааст, аммо барои бахши хусусӣ хеле гаронтар арза мешавад.

Ба гуфтаи раиси дафтари намояндагии Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон, ҳукумати Душанбе бо ин пешниҳод мувофиқат кардааст ва ҳоло дарсадади бозбинии нархи барқ аст.

Агар ин пешниҳоди Бонки рушди Осиё амалӣ шавад, дар панҷ моҳ гузашта барои бори дуввум аст, ки нархи барқ дар Тоҷикистон боло меравад.  

Давлати Тоҷикистон барои ҳимоят аз хонаводаҳои камбизоат, дар 25 шаҳр ва ноҳия то мизони 250 киловатт соат нерӯи барқи ройгон ироа медиҳад.