Январ 26, 2017 11:19 Asia/Dushanbe
  • Эътирози вазорати хориҷаи Туркманистон ба Тоҷикистон

Вазорати умури хориҷаи Туркманистон изҳороти ахири масъулони ширкати роҳи оҳани Тоҷикистонро, хилофи равобити дӯстонаи ду кишвар унвон кардааст.

Ба гузориши сойти вазорати умури хориҷаи Туркманистон, ин вазоратхона дар баёнияе дар бораи суханони Усмон Қаландарзода-муовини ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон, дар мавриди сохти хатти ҷадиди рейлӣ миёни ин кишвар ва Узбакистон хориҷ аз қаламрави Туркманистон ибрози нигаронӣ карда ва чунин иқдомеро дар равобити ду кишвар ғайриқобили пазириш донистааст.

Дар баёнияи вазорати хориҷаи Туркманистон омадааст, Ашқобод дар солҳои ахир дар чорчӯби равобити таърихӣ ва дӯстонаи худ бо Тоҷикистон чандин тарҳ муҳимм ҳамлу нақли минтақаиро барои густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷонибаи теранзитӣ ба марҳалаи иҷро расонда, ки ба нафъи Душанбе будааст.

Ин баёния меафзояд, суханони ин мақомоти масъули ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон бо тарҳи роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон ва Тоҷикистон, ки метавонад заминаи иттисоли шабакаҳои рейлии ин се кишвар ба обҳои озод ва бозорҳои ҷадиди осиёиро фароҳам кунад, муғойрат дорад.

Усмон Қаландарзода-муовини муовини сардори ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон пеш аз ин гуфта буд, ки Тоҷикистон ва Узбакистон музокира дар бораи сохти роҳи оҳани ҷадид ба Русия бидуни вуруд ба қаламрави Туркманистонро оғоз кардаанд.

Ба гуфтаи Қаландарзода, ин тарҳ фосилаи рейлии Тоҷикистон ба Узбакистон ва Қазоқистонро кӯтоҳ мекунад ва бидуни ниёз ба вуруд ба қаламрави  Туркманистон мустақим ба роҳи оҳани Русия муттасил мешавад.

Ҳамакнун қаторҳои Тоҷикистон бо убур аз хоки Узбакистон вориди Туркманистон мешаванд ва аз ин кишвар ба Қазоқистон ва Русия ҳаракат мекунанд, ки 3 шабонарӯз тӯл мекашад.

Барчасп