Январ 26, 2017 11:52 Asia/Dushanbe
  • Суқути 15 зинаии Тоҷикистон дар мубориза бо фасод

Созмони ҷаҳонии шаффофият, “Transparency International” эълом кард, Тоҷикистон дар соли 2016 дар мубориза бо фасод бо 15 зина суқут дар миёни 176 кишвари ҷаҳон, дар рутбаи 151 қарор гирифтааст.

Ба гузориши сойти “Transparency International”, ин созмон дар ҷадидтарин гузориши худ аз раиси ҷадиди Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хоста аст, ки зимни ҳифзи истиқлоли амали худ, ба пешниҳодҳо ва назарҳои рӯзноманигорони мустақил ва ниҳодҳои ғайридавлатӣ таваҷҷӯҳ кунад.

Ин созмони байналмилалӣ, муборизаи Тоҷикистон алайҳи фасод ва ришвахориро номуваффақ арзёбӣ ва эълом кардааст, ки Тоҷикистон соли гузашта дар мубориза бо фасоди молӣ дастоварди қобили мулоҳизае надошта ва авзоъ дар ин раванд, дар муқоиса бо соли 2015 бадтар низ шудааст.

Бар асоси раддабандии ҷадиди ин созмон дар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Қазоқистон бо истодан дар ҷойгоҳи 131 дар муқоиса бо соири кишварҳои ин минтақа мавқеияти беҳтаре касб кардааст.

Ин гузориш Қирғизистонро дар ҷойгоҳи 136, Туркманистонро дар раддаи 154 ва Узбакистонро дар рутбаи 156 ҷаҳон қарор додааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон-раисиҷумҳури Тоҷикистон дар моҳи декабри соли гузашта дар нишасти “даҳумин солгарди таъсиси Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон”, аз вазоратхонаҳои кишвар, ҳамлу нақл, тандурустӣ, додгустарӣ, комиссариятҳои низомӣ, маориф, Кумитаҳои давлатии умури динӣ, амнияти миллӣ, мудирияти замин, додситонӣ ва додгоҳҳо ва идороти давлатии маҳаллӣ ба унвони фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ ёд карда буд.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон танҳо дар соли 2016 кормандони сохторҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон, муртакиби 145 маврид ҷурми муртабит бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ шудаанд.

Барчасп