Даъвати Тоҷикистон аз вазири хориҷаи Афғонистон барои сафар ба ин кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i12537-Даъвати_Тоҷикистон_аз_вазири_хориҷаи_Афғонистон_барои_сафар_ба_ин_кишвар
Шарофиддин Имомов- сафири Тоҷикистон дар Кобул, бо Салоҳиддин Раббонӣ- вазири умури хориҷаи Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 26, 2017 10:04 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Тоҷикистон аз вазири хориҷаи Афғонистон барои сафар ба ин кишвар

Шарофиддин Имомов- сафири Тоҷикистон дар Кобул, бо Салоҳиддин Раббонӣ- вазири умури хориҷаи Афғонистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, дар ин мулоқот ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои амниятӣ, тиҷорат, транзит, тарҳҳои иқтисодии минтақавӣ ва умури консулӣ, гуфтугӯ кардаанд. Ба иттилои манбаъ, Шарофиддин Имомов ба Салоҳиддин Раббонӣ даъватномаи расмӣ аз сӯи вазири умури хориҷии Тоҷикистонро барои сафари расмӣ ба Душанберо супурдааст.

Салоҳиддин Раббонӣ гуфтааст, ки вазорати умури хориҷии кишвараш дар зудтарин фурсат таърихи сафари расмии ӯро ба Тоҷикистон муайян хоҳад кард.