Таъкиди Раҳмон ба густариши робитаҳои Тоҷикистону Русия
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо муовини аввали нахуствазири натиҷаи кори Комиссияи муштараки Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ кард.
Ба гузориши дафтари матбуотии раёсатҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Игор Шувалов натиҷаи кори Комиссияи муштараки Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва масоили вобаста ба ҳолати кунунию дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба “ишора ба зумрае аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия аҳамияти идомаи ҳамкории ҷонибҳоро ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҷанбаи тиҷорию иқтисодии онҳо бо назардошти ниёзмандиҳои воқеӣ ва имкониятҳои мавҷуда таъкид” кардааст. Ӯ соҳаҳои энергетика, коркарди маъданҳо, комплекси агросаноатӣ ва дигар соҳаҳои бахши воқеии иҷтисоди Тоҷикистонро аз зумраи соҳаҳои дорои аҳамият дар дурнамо гуфтааст.
Гуфта мешавад, дар ин дидор ба масоиле назири муҳоҷирати меҳнатӣ, “аз ҷумла дар ояндаи наздик омода сохтану ба имзо расонидани бастаи нави созишномаҳо, ки ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ равона шудаанд, таваҷҷӯҳи лозим зоҳир” шудааст. Зимнан раисҷумҳури Тоҷикистон ба зарурати роҳҳои қобили қабули тарафайни ҳалли масъалаҳое, ки дар соҳаи ҳамлу нақли ҳавоӣ ба вуҷуд омада, барои шаҳрвандон мушкилот эҷод мекунанд ва боиси доғдор шудани шарокати стратегии ҳарду давлат мегарданд, ишора кардааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистону Русия, ки шарики стратегӣ гуфта мешаванд, имсол аз 25-солагии равобити дипломатияшон таҷлил мекунанд.
Игор Шувалов, муовини аввали нахуствазири Русияро, ки барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанбе бо сафари корӣ омада буд, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дирӯз ба ҳузур пазируфт.