Муаррифии фасодзадатарин вазоратхона дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i12659-Муаррифии_фасодзадатарин_вазоратхона_дар_Тоҷикистон
Раҳбари нави Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба унвони фасодзадатарин ниҳоди ҳукуматӣ, дар ин ҷумҳурӣ ёд кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 29, 2017 07:16 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии фасодзадатарин вазоратхона дар Тоҷикистон

Раҳбари нави Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба унвони фасодзадатарин ниҳоди ҳукуматӣ, дар ин ҷумҳурӣ ёд кард.

Ба гузориши сойти Авесто, Сулаймон Султонзода дар нахустин нишасти хабарии хеш ба унвони раҳбари нави Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, ки мавориди ришвахорӣ ва фасоди молӣ дар соли гузашта (2016) аз ҳама бештар дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ин кишвар сабт шудааст.

Вай таъкид кардааст, ки дар соли гузашта (2016) беш аз 1 ҳазору 833 маврид фасоди молӣ ва ришвахорӣ, тавассути кормандони ин ниҳод ифшо шуда, ки дар 594 маврид ин амалҳо ба унвони ҷинояти бузурги молӣ арзёбӣ мегардад. Ба гуфтаи вай, хисороти молии ношӣ аз ин маворид ба давлат, 187 миллиону 200 ҳазор сомонӣ баровард шуда, ки беш аз 97 миллион сомонӣ аз ин маблағ ба буҷа бозгардонда шудааст. Бар асоси ин гузориш, мавридҳои аз ҳама бештари фасоди молӣ дар Вазорати ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба сабт расида, ки бар ин асос 103 парванда ташкил шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Эмомалӣ Раҳмон тайи суханоне дар нишасти “даҳумин солгарди таъсиси Оҷонси давлатии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон”, дар авохири соли гузашта (2016) аз вазоратхонаҳои кишвар, ҳамлу  нақл, тандурустӣ, додгустарӣ, комиссарияти ҳарбӣ, маориф, кумитаҳои давлатии умури динӣ, амнияти миллӣ, мудирияти замин, додситонӣ ва додгоҳҳо ва идороти давлатии маҳаллӣ ба унвони фасодзадатарин ниҳодҳои давлатӣ ёд карда буд.

Ҳамчунин чанд рӯзи қабл Созмони шаффофияти байналмилалӣ эълом кард, Тоҷикистон дар соли 2016 дар мубориза бо фасод бо 15 зина суқут дар миёни 176 кишвари ҷаҳон, дар рутбаи 151 қарор гирифтааст. Ин созмон да  ҷадидтарин гузориши худ аз раиси ҷадиди Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон хостааст, ки зимни ҳифзи истиқлоли амали худ ба пешниҳодҳо ва назарҳои рӯзноманигорони мустақил ва ниҳодҳои ғайридавлатӣ таваҷҷӯҳ кунад.