Январ 29, 2017 11:31 Asia/Dushanbe
  • Русия пешниҳоди Тоҷикистонро дар бораи муҳоҷирон баррасӣ мекунад

Муовини аввали нахуствазири Русия аз баррасии пешниҳоди Тоҷикистон барои мавриди афв қарор гирифтани коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишвар аз сӯи Маскав хабар дод.

Ба гузориши сойти Ахбор, Игор Шувалов-муовини аввали нахуствазири Русия пас аз поёни 14-умин нишасти Комиссияи байни давлатии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Русияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, гуфт, Маскав мавзуи афви он теъдод аз коргарони муҳоҷири тоҷикро , ки муттаҳам ба нақзи қавонини Русия набошанд, баррасӣ хоҳад кард.

Дар ҳоли ҳозир бар асоси гузориши Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон 394 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ихроҷ ва аз ҳаққи вуруд ба ин кишвар маҳрум мебошанд. Дар соли 2015 ин омор 303 ҳазор нафар эълом шуда буд. Ба далели эъмоли таҳримҳои молии Ғарб алайҳи Русия, даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз ин кишвар ба шиддат коҳиш ёфт, ки мӯҷиби бесуботӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон гардид. Бо вуҷуди исрори мақомоти ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди афв қарор гирифтани коргарони муҳоҷири ихроҷии ин кишвар аз Русия, Маскав ба ин дархостҳо таваҷҷӯҳ нишон намедиҳд.

Ба гуфтаи коршиносон яке аз аҳдофи сафари моҳи феврали соли ҷории Владимир Путин ба Тоҷикистон баррасии мавзуи узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё (ЕвразЭС) мебошад, ки шояд ба ин баҳона Маскав бо афви теъдоди зиёде аз коргарони муҳоҷири тоҷик мувофиқат кунад. Зеро давлати Қирғизистон дар соли 2015 дар баробари пазириши узвияти хеш дар ин иттиҳодия муваффақ ба мавриди афв қарор гирифтани 55 ҳазор коргар муҳоҷири қирғизи ихроҷӣ аз сӯи Русия шуд.

Барчасп