Январ 30, 2017 10:54 Asia/Dushanbe
  • ​​​​​​​Ҳафт кушта дар ҳодисаи фаромадани тарма дар Тоҷикистон

​​​​​​​Сухангуи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз наҷоти 250 мошини сабукраву боркаш ва 800 нафар мусофири зери тарма монда дар роҳи Душанбе –Хуҷанд дар шабонарӯзи гузашта хабар дод.  

Ба иттилои сайти Ахбор, Умеда Юсуфова гуфтааст, дар роҳи Душанбе –Хуҷанд 40 тарма фаромада, шумори зиёде мошини сабукраву боркаш ва 800 нафар мусофир гирифтор шуданд, ки дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷотдиҳӣ ба макони амн интиқол дода шудаанд.

Бар асоси охирин гузоришҳо, дар 24 соати гузашта панҷ нафар дар ҳодисаи резиши баҳман дар ҷодаи Душанбе-Хуҷанд ва як нафар дар вилояти Бадахшон кушта шудаанд.

Рӯзи 28 январ низ аз як зан бар асари лағзиши тарма дар роҳи Хоруғ – Ишкошим ба ҳалокат расид.

Сухангуи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ба сабаби бориши барфи зиёд ва резиши тарма ҳаракати васоили нақлияву мусофирон дар роҳи Душанбе – Хуҷанд мутаваққиф шуда ва замони бозгушоии ин масир ҳануз мушаххас нест.

Ин идора аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоста буд, ки то поёни моҳи январ аз сафарҳои бидуни зарурат ба ноҳияҳои кӯҳистон ва минтақаҳои тармахез ҳаддалимкон худдорӣ кунанд ва ҷони худу дигаронро ба хатар наандозанд.