Далоили истиқрор наёфтани мардумсолорӣ дар Тоҷикистон
(last modified 2017-01-30T07:33:33+00:00 )
Январ 30, 2017 12:33 Asia/Dushanbe
  • Далоили истиқрор наёфтани мардумсолорӣ дар Тоҷикистон

Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон дар таҳлиле, далоили истиқрор наёфтани мардумсолорӣ дар ин кишварро шарҳ дод ва роҳкорҳое барои рушди ин падида пешниҳод кард.

Ба иттилои Азияя-Плюс, Абдуғанӣ Маҳмадазимов дар таҳлиле, надоштани таҷрубаи муборизоти сиёсӣ, бозгашт ба андешаи парастиши шахсият ва чоплусӣ барои ҳокимонро аз иллатҳои умдаи истиқрор ва таҳкими наёфтани мардумсолорӣ дар Тоҷикистон унвон кард .

Вай афзуд, дар соли 2015 бо мамнуъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон амалан яке аз гурӯҳҳои исломӣ, ки дар низоми сиёсии дунявӣ дар ин кишвар бо аксарияти ҷамъияти мусалмон нақш дошт, аз саҳнаи сиёсӣ ҳазф шуд, ки ин масъала марҳалаи ҷадиде аз таҳаввулотро дар ин кишвар оғоз кард .

Аз дидгоҳи Маҳмадазимов, муҳимтарин меҳвари ин таҳаввулот ғайримумкин шудани мухолифат бо давлати Тоҷикистон аст .

Ба гуфтаи вай, давлати Тоҷикистон ҳамвора аз афзоиши нуфузи Ҳизби наҳзати исломӣ дар ҷомеа ва ибтикороти он эҳсоси хатар мекард .

Абдуғанӣ Маҳмадазимов барои рушди демократия дар Тоҷикистон чаҳор роҳкор муаррифӣ кардааст, ки ҳимоят аз ҳизбҳову гурӯҳҳои сиёсӣ, дифоъ аз фаъолияти нашрияҳо, расонаҳои мустақили хабарӣ ва созмонҳои иҷтимоӣ, кумак ба шӯроҳои маҳаллӣ ва таъмини истиқлоли амали қувваи судиро шомил мешавад .

Раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон таъкид мекунад, барои расидан ба ҳадафҳои ёдшуда бояд интихоботи озоду бидуни мудохилаи ниҳодҳои ҳукумат дар раванди он, дар сатҳи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ баргузор шавад, расонаҳои хабарии мустақил таҳти фишор қарор нагиранд, заминаи фаъолияти аҳзоби сиёсӣ дар фазои озод таъмин гардад ва қувваи судӣ, ки аксари мардум ба он эътимод надоранд, ба истиқлоли амал бирасад .

 

Барчасп