Оғози фурӯши билети ҳавопаймо дар масири Душанбе-Тошканд
(last modified Mon, 30 Jan 2017 14:29:38 GMT )
Январ 30, 2017 19:29 Asia/Dushanbe
  • Оғози фурӯши билети ҳавопаймо дар масири Душанбе-Тошканд

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз оғози фурӯши билети ҳавопаймо дар масири Душанбе-Тошканд хабар додааст.

Ба иттилоъи ин ниҳод  тибқи тавофуқи ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбакистон иртиботи мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар дар масири Душанбе-Тошканд аз рӯзи аз 10 феврали соли ҷорӣ шурӯъ мешавад.

Ин манба мегуяд, ки аз ҷониби Тоҷикистон парвозҳоро ширкати «Сомон-Эйр»  ҳафтае як маротиба, рӯзи ҷумъа дар масири Душанбе-Тошканд -Душанбе  оғоз мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Худоёр Худоёрзода вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз дар як нишасти матбуотӣ дар мавриди азсаргирии парвозҳо ба Тошканд гуфт,  дар ҳоли ҳозир анҷоми расмиёти зарурӣ дар ин самт идома дошта, тибқи тавофуқи ду ҷониб  парвозҳо дар масири Душанбе - Тошканд бояд дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ шуруъ шавад.  

Дар идомаи тавзеҳи ин мавзуъ Шералӣ Ганҷалзода муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон таъкид кард, ки парвози ҳавопаймоҳо миёни Душанбе ва Тошканд метавонад баъди имзои созишномаи байнидавлатӣ оғоз гардад.

Ба гуфтаи Ганҷалзода  айни замон тарҳи созишнома дар мавриди иртиботӣ ҳавоӣ дар баррасии мақомоти дахлдори Тоҷикистону Ӯзбекистон қарор дошта, инчунин айни замон, ширкатҳои ҳавопаймоии  ду ҷониб машғули ифтитоҳ ва таҷҳизи намояндагиҳои хеш ҳастанд.

Ҳамзамон Ганҷалзода дар робита ба зарфиятҳои мусофиркашонӣ дар масири Душанбе-Тошканд  гуфт, ки  шумори мусофиронкашонӣ тариқи ин хатсайр ба ҳаллу фасли масъалаи раводид вобастагӣ дорад.

 Ин дар ҳолест, ки Валерий Тян мудири  кулли ширкати миллии ҳавонавардии Узбакистон  ахиран гуфтааст, ки тарҳи созишномаи байниҳукуматӣ миёни ду кишвар такмил шуда омодаи имзо аст ва парвозҳо ба Душанбе ояндаи наздик роҳандозӣ мешавад.

Гуфтанист санади ҳусни тафоҳум дар мавриди азсаригири парвозҳо дар масири Душанбе-Тошканд рӯзи 28 декабри соли гузашта дар Душанбе зимни натоиҷи нишасти комисюни байнидавлатии Тоҷикистону Ӯзбакистон ба имзо расид.

Бояд гуфт, ки иртиботи ҳавоӣ миёни Душанбе ва Тошканд  соли 1992 баъди шурӯъи даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон қатъ шуда буд.