Январ 31, 2017 10:17 Asia/Dushanbe
  • Музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Душанбе

Ҳайатҳое аз мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон дар дидоре чаҳоррӯза дар шаҳри Душанбе мавзӯи аломатгузории марзи муштараки ин ду кишварро баррасӣ карданд.

Ба гузориши сайти итилоърасонии ҳукумати Қирғизистон, ду тараф дар ин дидор бар зарурати суръат бахшидан ба раванди аломатгузории марзи муштарак дар вилоятҳои Суғду Ботканд ва поён додан ба ихтилофоти сокинони рустоҳои марзӣ бар сари роҳҳои иртиботӣ, чарогоҳҳову манобеи об таъкид карданд.

Қарор шуд, ки нишасти баъдии ҳайатҳои тоҷикистонӣ ва қирғизистонӣ барои аломатгузории марзи муштараки ду кишвар дар Бишкек баргузор шавад.

Дар пайи ду даҳаи музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ, танҳо бар сари таъйини 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ шудааст.

Коршиносон иллати аслии кундии музокироти марзии Тоҷикистон ва Қирғизстонро истиноди тарафҳо ба нақшаҳои ҷуғрофиёии даврони ҳукумати Шӯравӣ медонанд, ки дар онҳо қаламрави марзии ин ду ҷумҳурии ҳамсоя ба таври дақиқ ҷудо нашудааст.

 

Барчасп