Феврал 01, 2017 10:31 Asia/Dushanbe
  • Қарзи 13 миллиардии ширкати Барқи Тоҷик

Раиси ширкати давлатии Барқи Тоҷик эълом кард, ки қарзи ин ширкат дар соли гузашта аз 13 миллиарду 700 миллион сомонӣ фаротар рафтааст.

Ба гузориши сайти Озодагон, Мирзо Исмоилзода дар нишасти хабарии масъулони ин ширкат дар Душанбе гуфтааст, ки 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ аз ин қарзҳо мутааллиқ ба ниҳодҳои ҳукуматӣ ва неругоҳҳои барқӣ обӣ аст.

Беш аз 10 миллиард сомонӣ аз ин қарзҳо низ марбут ба Вазорати молияи Тоҷикистон бо бозпардохти 25-сола ва боқимондаи он қарзҳои кӯтоҳмуддате аст, ки ширкати давлатии Барқи Тоҷик аз ҳукумат дархости бахшидани онҳоро карда аст.

Қарзи молиёти ширкати давлатии Барқи Тоҷик низ ба ҳудуди 193 миллион сомонӣ расида аст.

Бар асоси ин гузориш, ширкати давлатии Барқи Тоҷик ба неругоҳи барқи обии Сангтуда 1, ки саҳмияҳои он мутааллиқ ба Русия аст, беш аз 654 миллион сомонӣ ва ба неругоҳ барқи обии Сангтуда 2, бо саҳомдории Эрон, беш аз 458 миллион сомонӣ қарздор аст.

Ба гуфтаи Исмоилзода бо мудирияти ин ду неругоҳ барои пардохти марҳалаии қарзҳои ширкат давлатии Барқи Тоҷик тавофуқ шудааст.

Афзоиши қарзҳои ширкати Барқи Тоҷик дар ҳолест, қарзи аҳолӣ ва корхонаҳо аз ин ширкат ҳамагӣ 1,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.