Тасвиби қонуни ҳимоят аз тавлид ва танзими бозор дар порлумони Тоҷикистон
(last modified Wed, 01 Feb 2017 09:30:49 GMT )
Феврал 01, 2017 14:30 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби қонуни ҳимоят аз тавлид ва танзими бозор дар порлумони Тоҷикистон

Порлумони Тоҷикистон имрӯз қонуни ҷадидеро дар бораи ҳимоят аз тавлидкунандагон ва танзими бозор тасвиб кард.

Бар асоси қонуни тасибшудаи ҳимояи рақобат, назорати ширкатҳо дар бозор бештар ва қиматҳо дар рӯзҳои ид аз тарафи ҳукумати ин кишвар танзим мешаванд.

Ба навиштаи сойти Озодагон, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, тибқи қонуни нав ширкат ва корхонаҳое, ки саҳмашон дар бозор аз 15 дарсад бештар аст, ба феҳрасти ширкатҳои ҳукмфармо ворид мешаванд ва фаъолияташон таҳти назорат хоҳад буд. То ҳол ширкатҳои ҳукмфармо онҳое маҳсуб мешуданд, ки саҳмашон дар бозор аз 25 дарсад боло буд.

Ба гуфтаи Саъдӣ Қодирзода, яке аз ҳадафҳои дигари ин қонун, ҷилавгирӣ аз болоравии нархҳо дар арафаи идҳо мебошад.

Ва дар идома афзуд, барои ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои сӯиистифода бо тасдиқи ҳукумат қимати маводи ниёзи аввали мардум ба муддати то 90 рӯз тасдиқ мешавад ва масъулин риояи онро назорат хоҳанд кард.

Раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳадафи ин иқдомро ҳифзи рақобат ва ҳуқуқи истеъмолкунандагон хонд.

Ҳамчунин Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон дар робита ба ин қонун гуфт, ки иқтисоди Тоҷикистон дар давраи гузариш қарор дорад ва бояд аз монополия дар бозор ҷилавгирӣ шавад. Раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон афзуд, бинобар муҳим будани ин масъала, ки ба ҳамаи сокинони Тоҷикистон дахл дорад, таҳияи ин қонун ба дарозо кашид ва дар ниҳоят қабул шуд.