Феврал 02, 2017 11:12 Asia/Dushanbe
  •  Ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи нақлиётии Маскави нав

Чанд шаҳрванди Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон дар тасодуфи ронандагӣ дар шаҳри Маскави нав кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гузориши сойти Ахбор, соати 16:00  рӯзи чаҳоршанбе якуми феврал дар шоҳроҳи Варшавскоеи минтақаи Маскави нав, тасодуфи УАЗ ҳомили шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо худрави Тойота, дастикам ҳашт кушта ва чаҳор захмӣ бар ҷо гузошт.

Ба иттилоъи мақомоти Русия, дар ин тасодуф УАЗ-и ҳомили муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, оташ гирифт ва мусофирони дар дохили он гирифтор шуда, баъд аз талоши кормандони пулис берун карда шуданд.

Бино бар иттилои расонаҳои русӣ, ҳалок шудагон шаҳрвандони Русия, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ҳастанд.

То сӯбҳи имрӯз чаҳор қурбонии ин тасодуф шиносоӣ шуда, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Мақомоти Русия мегӯянд муҷрими ин тасодуф, ронандаи 22 солаи худрави Тойота аст, ки бо суръати ғайримуҷоз ба хатти муқобили ҳаракат омада буд ва феълан алайҳ ӯ парванда ташкил ва баррасиҳо оғоз шудааст.

Ба навиштаи расонаҳои Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз қавли Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия иттилоъ дод, ки миёни ҳалокшудагон дар пайи бархӯрди УАЗ ва Тойота як нафар тоҷикистонӣ будааст.

 

Барчасп