Феврал 02, 2017 16:32 Asia/Dushanbe
  • Лағви парвози Машҳад – Душанбе

Парвози шумораи 6537-и Машҳад - Душанбе аз фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳид Ҳошиминажоди Машҳад лағв шуд.

Ба гузориши хабарнигори радиои тоҷикии Садои Хуросон, парвози ҳафтагии Машҳад - Душанбе, мутааллиқ ба ширкат ҳавоии “Осмон”, ба шумораи 6537, ки қарор буд соати 8:15-и субҳи имрӯз аз Эрон ба мақсади Тоҷикистон ҳаракат кунад, пас аз ҳудуди 5 соат таъхир лағв шуд.

 Масъулони фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳид Ҳошиминажод иллати лағви ин парвозро вазъи номусоиди обу ҳаво эълом ва онро ба ҳафтаи оянда мавқуф гузоштанд. Бо ин ҳол гуфта мешавад, дар сурати мусоид шудани вазъияти обу ҳаво мумкин аст ин парвоз рӯзи ҷумъа, 3-юми феврал анҷом шавад.  

Беш аз 80 мусофир аз субҳи имрӯз барои сафар ба Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи Машҳад мунтазири ин парвоз буданд.

Ҷамъе аз кӯҳнавардони эронӣ, ки қасд доштанд барои нахустин бор қуллаҳои баланди Помирро дар Тоҷикистон фатҳ кунанд, аз ҷумла мусофирони ин парвоз буданд.

Машҳад аз шаби гузашта шоҳиди бориши барфи шадид буда ва баландии барф дар ин шаҳр ба беш аз 20 сантиметр расидааст.

Пешбиниҳои ҳавошиносӣ аз идомаи вазъи номусоиди ҳаво дар ин шаҳр хабар медиҳанд.

 Аз ибтидои субҳи имрӯз, ҳашт парвози Машҳад - Теҳрон низ ба далели бади обуҳавоӣ ва коҳиши диди уфуқӣ лағв шудааст.

Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳид Ҳошиминажоди Машҳад ҳар ҳафта субҳи рӯзҳои панҷшанбе як парвоз ба мақсади Душанбе дорад.

 

 

Барчасп