Феврал 05, 2017 15:24 Asia/Dushanbe
  • Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Қатар

Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз 5-уми феврал барои дидори расмӣ аз Қатар вориди пойтахт ин кишвар шуд.

Ба гузориши дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар, вазирони умури хориҷа, иқтисод, вазири умури дохилӣ, тандурустӣ, маориф, ҳамл ва нақл ва бархе дигар аз мақомоти баландпоя ҳамроҳӣ мекунанд.

Бар асоси ин гузориш,  дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳаи пойтахти Қатар теъдоде аз мақомҳои баландпояи қатарӣ аз ҳайати тоҷик, истиқбол карданд.

Расонаҳои давлатии Қатар ҳам навиштаанд, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбе бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши он, гуфтугӯ мекунад.

Зоҳиран такмили сохти ниматамоми масҷиди бузурги дар маркази Душанбе, ки бо сармояи Қатар бунёд мешавад, яке аз мавзуҳои гуфтугӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мақомоти Қатар хоҳад буд.

Равобити дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Қатар 13 декабри сол 1994 барқарор шуд.

Барчасп