Бозгашти даҳҳо хонаводаи кучондашуда ба ноҳияи Носири Хусрав
Мақомоти давлатӣ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо хонаводаи афроде, ки аз дигар манотиқи ин кишвар дар чорчуби барномаи коҳиши тарокуми ҷамъият дар кӯҳистонҳо ба ин ноҳия муҳоҷират карда буданд, пас аз дарёфти кумаки молӣ барои сохти хона дубора ба ҷойҳои зисти пешини худ бозгаштаанд.
Ба иттилои Toptj, Муборакшо Бозоралӣ, намояндаи ноҳияи Носири Хусрав гуфтааст, ки дар солҳои 2002 то 2008 аз вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд ба ин минтақа садҳо хонавода муҳоҷират карда буданд, ки беш аз ҳазору 500 нафар аз онон бо дарёфти кумаки молӣ барои сохти хона, ба ҷойҳои зисти аввалияи хеш бозгаштаанд.
Акнун мақомоти давлатӣ дар ин ноҳия бо ирсоли номаҳое ба идороти умури муҳоҷират хостори бозгардондани маблағҳои вогузоршуда ба ин афрод шудаанд, ки мебоист барои сохти хонаҳои онон ҳазина мешуд .
Дар чорчуби барномаи муҳоҷират аз манотиқи кӯҳистонӣ ба заминҳои ҷадиди зери киштрафта дар ноҳияи Носири Хусрав дар соли 2002 беш аз 160 хонавода аз вилояти Бадахшон ба ин минтақа куч дода шуданд, ки акнун танҳо 25 хонавода аз ин афрод боқӣ монда ва дигарон дубора ба маҳалли зисти қаблии хеш рафтаанд .
Ин афрод гуфтаанд, ки тавони зиндагӣ дар дамои болои 50 дараҷаро дар фасли тобистон дар ноҳияи Носир Хусрав надоранд ва тарҷеҳ медиҳанд, ки дар Бадахшони сардсер зиндагӣ кунанд .
Ҳамчунин дар ноҳияи Носири Хусрав муҳоҷирон бо мушкилоти оби ошомидании беҳдоштӣ, набуди дармонгоҳ, мадорис, боғчаи кӯдакон ва соири таъсисост ва хадамот рӯ ба рӯ шудаанд .
Аз сӯи дигар коршиносони умури муҳоҷират муътақиданд, маблағи се ҳазор сомонӣ, ки барои сохти хона ба афроди кучкарда ба ноҳияи Носири Хусрав вогузор шуда, ночиз аст ва ҳатто барои сохти таҳкурсии хона кофӣ нест .