Феврал 06, 2017 21:38 Asia/Dushanbe
  • Раиси Агентӣ: Таъйини Рустами Эмомалӣ ба мақоми шаҳрдори Душанбе дар доираи қонун мебошад

Раиси идораи хизмати давлатии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки интисоби Рустами Эмомалӣ, писари бузури президент Раҳмон ба ҳайси шаҳрдорӣ Душанбе қонунӣ аст.

Ҷумъа Давлат рӯзи 6 феврал дар як нишасти матбуотӣ гуфт, ки таъини Рустами Эмомалӣ писари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи шаҳрдорӣ Душанбе бо қонунгузории кишвараш  мухолифат надорад.

Ба гуфтаи вай, Рустами Эмомалӣ хатмкардаи се донишгоҳ  дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон буда,  нахустин рузҳои фаъолияташ дар симати шаҳрдорӣ Душанбе кори ҳирфаии ӯро собит мекунад.

Ҷумъа Давлат афзуд, ки таъйини Рустами Эмомалӣ дар чаҳорчӯби тасмими давлати Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба мақомҳои раҳбарии ин кишвар сурат гирифтааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 12 январи соли ҷорӣ  Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси собиқи шаҳри Душанбе аз мақом барканор шуд ва ба ҷойи ӯ писари бузурги РҶТ  Рустами Эмомалӣ  таъин шуд.

Рустами Эмомалӣ, ки 30 сол дорад, дар гузашта дар мақоми раиси  хадамоти  гумрук ва раҳбари Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Раиси идораи  хизмати давлатии РҶТ  дар идомаи сӯҳбаташ ба таркиби ҳукумат ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ишора кард ва гуфт, соли гузашта 37 дарсади раҳбарони сатҳи аввали ин кишвар зодаҳои вилояти Хатлон буда, ин рақам ба 135 нафар кам шудааст.

Ба гуфтаи вай, шумораи зодаҳои вилояти Суғд ба 24,9 дарсад расида, 186 нафар бештар шудааст.

Ҳамзамон намояндаҳои вилояти Бадахшон дар сатҳи роҳбарии Тоҷикистон  8,7 дарсад ва теъдоди онҳо як нафар афзоиш ёфтааст.  Зодаҳои навоҳии тобеи ҳукумати марказии Тоҷикистон дар вазифаҳои роҳбарикунанда  44 нафар бештар шуда, ба 10,5 дарсад расидааст.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи Ҷумъа Давлат, 44 дарсади вазифаҳои роҳбарикунанадаи Тоҷикистонро  ҷавонони то 35-сола ишғол мекунанд.