Феврал 07, 2017 13:03 Asia/Dushanbe
  • Баррасии имкони бахшида шудани қарзи ширкати “Барқи Тоҷик”

Ҳукумати Тоҷикистон мавзӯи бахшида шудани қарзҳои ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”-ро баррасӣ мекунад.

Ба гузориши “Азия плюс”, ҳукумати Тоҷикистон дар ҳоли таҳияи тарҳе аст, ки бо баррасии вазъи номусоиди ширкати давлатии “Барқи Тоҷик”, заминаи бахшида шудани қисмате аз бидеҳии ин ширкатро фароҳам мекунад.

Дар сурати тасвиб ва иҷрои ин тарҳ, Вазорати молияи Тоҷикистон муваззаф хоҳад шуд, ки пас аз бахшида шудани қарзи ин ширкат, назорат бар фаъолияти ин корхона ва ҷилавгирӣ аз талафоти барқро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монад.

Бар асоси ин гузориш, бидеҳии ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” дар соли 2016 аз 13 миллиарду 700 миллион сомонӣ фаротар рафтааст, ки 2 миллиарду 700 миллион сомонӣ аз ин бидеҳӣ мутааллиқ ба ниҳодҳои ҳукуматӣ ва нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ аст.

Ҳамчунин беш аз 10 миллиард сомонӣ аз ин бидеҳӣ марбут ба Вазорати молияи Тоҷикистон бо бозпардохти 25 -сола ва боқимондаи он вомҳои кӯтоҳмуддате аст, ки ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” аз ҳукумат дархости бахшида шудани онҳоро кардааст.

 Қарзҳои молиётии ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” низ ба ҳудуди 193 миллион сомонӣ расидааст.

 Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” ҳамчунин ба нерӯгоҳи обии “Сангтӯда- 1”, ки саҳми он мутааллиқ ба Русия аст, беш аз 654 миллион сомонӣ ва ба нерӯгоҳи обии “Сангтӯда- 2” бо саҳмдории Эрон беш аз 458 миллион сомонӣ бидеҳкор аст.

 

Барчасп