180 рустои Тоҷикистон дар торикӣ
Феврал 07, 2017 09:38 Asia/Dushanbe
Мардуми 180 русто дар Тоҷикистон аз дастрасӣ ба барқ маҳруманд.
Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, ин 180 рустои Тоҷикистон, рустоҳои ҷадиде ҳастанд, ки дар солҳои ахир сохта шудаанд ва мақомоти масъул гуфтаанд, барои таъмини барқи онҳо ба муҳлати бештаре ниёз доранд.
Ҳамчунин мақомоти масъул гуфтаанд, ин рустоҳо бештар дар манотиқи кӯҳистонӣ воқеъ шудаву бо тавваҷуҳ ба рӯдхонаҳои кӯҳистонӣ таъмини барқи онҳо аз тариқи сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии хурд камҳазинатар аст.
Дар Тоҷикистон 323 нерӯгоҳи барқӣ-обии хурд сохта шудааст, ки аз ин теъдод 280 нерӯгоҳ фаъол аст.
Афзун бар ин, дар фасли тобистон низ фаъолияти 70-80 дарсади ин нерӯгоҳҳо ба далели зиёдии нерӯи барқ дар Тоҷикистон қатъ мешавад.
Барчасп