Фаъолияти чаҳор бонки нобасомони Тоҷикистон зери заррабини додситонии кул
Феврал 07, 2017 20:35 Asia/Dushanbe
Беҳрӯзи Саидхоҷа: Додситонии кулли Тоҷикистон фаъолияти чаҳор бонки кишварро, ки дучори мушкилоти молӣ шуданд ва муштариёнро нигарон карданд, мавриди бозҷуӣ қарор додааст.
Чаҳор гурӯҳи корӣ шомили кормандони додситонӣ ва иқтисоддонҳо фаъолияти “Тоҷиксодиротбонк” , “Агроинвестбонк”, “Тоҷпрамбонк” ва Бонки давлатии “Амонатбонк”-ро шаш моҳ таҳқиқ мекунанд .