Феврал 08, 2017 10:12 Asia/Dushanbe
  • Қатъи эътибори ваколатномаи шаҳрдори собиқи Душанбе дар шӯрои шаҳр

Аъзои шӯрои намояндагони шаҳри Душанбе бо қатъи эътибори ваколатномаи намояндагии Муҳаммадсаид Убайдуллоев шаҳрдори собиқ ва раиси пешини дафтари вай, барои интихоби ду намояндаи нав замон таъйин карданд.

Ба гузориши сайти Ахбор, дар нишасти аъзои шӯрои намояндагони шаҳри Душанбе бо дархости Муҳаммадсаид Убайдуллоев шаҳрдори собиқ ва Фирӯз Улмасов раиси пешини дафтари вай бинобар қатъи эътибори ваколатномаи намояндагии онон пеш аз поёни муҳлат мувофиқат шуд.

Аъзои ин шӯро зимни таъйиди ҳукми Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар барканории Муҳаммадсаид Убайдуллоев шаҳрдори пешини Душанбе ва интисоби Рустами Эмомалӣ писари бузурги Раҳмон дар симати шаҳрдори пойтахт, замони баргузории интихобот дар ду ҳавзаи интихобии Душанбе барои интихоби 2 намояндаи навро дувуми апрел таъйин карданд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон дувоздаҳуми январ Муҳаммадсаид Убайдуллоев шаҳрдори Душанберо аз мақомаш барканор ва Рустами Эмомалӣ писари бузургашро ба унвонии раиси нави пойтахти ин кишвар таъйин кард.

Муҳаммадсаид Убайдуллоеви 65-сола дар 21 соли охир шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд.

Чанде қабл ба дастури шаҳрдори нави Душанбе, созмони мубориза бо фасоди Тоҷикистон таҳқиқу тафтиши фаъолиятҳои молии шаҳрдорӣ дар даврони Муҳаммадсаид Убайдуллоевро ба баҳонаи шикояти шаҳрвандон аз вуҷуди қонунвайронкуниҳо дар сохти манзилҳои маскунӣ оғоз кард.