Феврал 08, 2017 19:25 Asia/Dushanbe
  • Дидори Хайринисо Юсуфӣ бо сафири Эрон дар Душанбе

Масоили таҳким ва густариши ҳамкориҳои судманд дар арсаҳои мухталиф миёни Душанбе ва Теҳрон ахиран дар дидори Хайринисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон ва Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар ин кишвар, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилоъи дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон, зимни ин мулоқоти судманду самимӣ Хайринисо Юсуфӣ роҷеъ ба вазъи равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон ибрози назар намуда, ҳамзамон ба рушду тавсеаи бештари муносибатҳои парлумонӣ ва равобити иқтисодию тиҷоратӣ миёни ду кишвар таъкид кардааст.

Зимни мулоқоти муовини раиси Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон ва дуктур Фағонӣ ба эҳдоси тунели истротежики «Истиқлол», ки кумакҳои муассире ба барқарории иртиботи ҳамешагии манотиқи шимолӣ ва ҷануби Тоҷикистон кардааст ва бунёди Ниругоҳи 220 Мгв воқеан метавон онро яке аз масирҳои дастрасии Тоҷикистон ба истиқлоли воқеӣ номид, кумак ба сохту баҳрабардорӣ аз ниругоҳи бузурги Сангтӯда – 2, эҷоди бемористони хусусии Абуалӣ ибни Сино, эҳдоси пулҳову ҷодаҳо, таъсиси корхонаҷоти мошинолот, назири корхонаи муштараки тракторсозии «ЭрТоҷ», корхонаҷоти тавлиди маводи ширӣ ва ғизоӣ, ишора шудааст.

Хайринисо Юсуфӣ дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки сарони ду кишвар бо арҷ гузоштан ба суннатҳои ниёкон, нақши муштараку муҳимме дар сабти ҷаҳонии Наврӯз ва гиромидошти ҳамасолаи он ифо кардаанд. Узвияти пайвастаи бархе аз устодони барҷастаи тоҷик дар Фарҳангистони забону адаби форсӣ ва тақдир аз машойихи тоҷик дар Эрон ва бузургдошти мафохири муштарак, назири Мирсайид Алӣ Ҳамадонӣ, Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ ва ғайра аз ҷумлаи ҳамкориҳои арзишманди фарҳангии ду кишвар аст.

Ҳамзамон Ҳуҷҷатулло Фағонӣ, сафири ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон аз ибрози назари Хайринисо Юсуфӣ дар мавриди фаъол шудани равобити иқтисодию тиҷоратӣ истиқбол намуда, аз сатҳи ҳамкориҳои байнипорлумонӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Вай бо иблоғи саломҳои гарми ҷаноби оқои доктор Лориҷонӣ раиси Маҷлиси шӯрои исломӣ ба ҷаноби оқои Зуҳуров  раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва ишора ба даъвати қаблӣ аз эшон барои сафар ба Теҳрон, аз аҳамияти ҳамкориҳои маҷолис ва гурӯҳҳои дӯстии парлумонии ду кишвар ёдовар шуд.