Феврал 09, 2017 18:55 Asia/Dushanbe
  • 15 сол зиндони инфиродӣ барои як шаҳрванди Тоҷикистон

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як тоҷикистонии узви ДИИШ-ро ба 15 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе эълом кард, Ш. Бобохонов ба иллати пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ва талош барои ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷангҳои Сурия ба 15 соли зиндон дар утоқи инфиродӣ маҳкум шудааст.

Бобохонов, ки ҳангоми муҳоҷират ба Русия аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ДИИШ ошно шуда буд, пас аз узвият дар ин гурӯҳ заминаи пайвастани 8 шаҳрванди Тоҷикистонро низ ба ин гурӯҳи такфирӣ - террористӣ фароҳам кардааст.

Бинобар эъломи мақомоти амнияти Тоҷикистон, то кунун 1100 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд.

 

Барчасп