Феврал 10, 2017 19:40 Asia/Dushanbe
  • Аслов: Густариши робита бо Теҳрон ҳадафи муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар маросими ҷашни Солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон густариши равобити ҳамаҷониба бо Теҳронро яке аз аҳдофи муҳими сиёсати хориҷии кишвараш унвон кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ҳузур дар ҷашни Пирӯзии инқилоби исломӣ дар маҳалли Сафорати Эрон дар Душанбе, бо ишора ба ҳамзамонии ҷашни Рӯзи миллии Эрон бо биступанҷумин солгарди барқарории муносиботи сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Эрон гуфт: “Яке аз аҳдофи муҳими сиёсати хориҷии кишвари мо густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, тиҷорӣ, фарҳангӣ ва адабӣ бо Эрони бародар аст ва мо дар Тоҷикистон дар воқеъ алоқамандем то сатҳи муносиботи ду кишварро бар асоси асли мушорикату эҳтиром ба манофеи якдигар, беш аз пеш иртиқо диҳем”.

Аслов афзуд: “Дар ин солҳо мо тавонистем бо талошҳои муштарак дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ба дастовардҳои барҷастае даст ёбему равобити ду кишварро бар асли баробарӣ, ҳусни тафоҳуми комилу дидгоҳҳои яксону созанда ба нафъи мардуми Тоҷикистону Эрон ва сулҳу суботи минтақа тавсеа бахшем”.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ишора ба ташкили Камиссиюни муштараки ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фаннии Тоҷикистону Эрон, аз натоиҷи ёздаҳумин нишасти камиссиюни муштарак, ки 7 ва 8-уми ноябр дар Теҳрон баргузор шуд, ибрози ризоят кард ва гуфт: “Ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби Созмони милали муттаҳид, сохторҳои тахассусии он ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ, ба вижа Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ бахше аз манофеи миллии ду кишвар ва сулҳу суботи минтақаӣ аст”.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо ишора ба таҳаввулоти хатарноки минтақаӣ ва густариши ифротгароӣ таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар сангари муқовимат алайҳи чолишҳои амнияти милливу минтақаӣ дар канори ҳам хоҳанд буд ва бо дидгоҳи муштарак чолишҳоро арзёбӣ хоҳанд кард.

 

Барчасп