Ҷон бохтани 13 нафар бар асари тармафароӣ дар Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз кушта шудани 13 тан аз шаҳрвандони ин кишвар бар асари фаромадани тарма дар рӯзҳои ахир ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳукумати ин кишвар гуфтааст, ки дар моҳҳои январ ва феврали имсол бар асари 244 мавриди тармафароӣ дар роҳҳои Душанбе - Хуҷанд, вилояти Бадахшон ва водии Рашт 13 шаҳрванди ин кишвар ҷони худро аз даст додааст. Раҳмон таъкид кардааст, ки дар 5 соли ахир бар асари ҳаводиси мухталифи табиӣ дар ин кишвар 127 нафар ҷони худро аз даст додааст ва ҳамчунин ба иқтисоди ин ҷумҳурӣ 600 миллион доллар хисорат ворид шудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон аз фаъолияти 11 гурӯҳи вижаи имдод ва наҷот, ки аз сӯйи Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон эҷод шудаанд, ба шиддат интиқод кард. Раҳмон аз масъулони вазоратҳо ва идороти ҳукуматии масъул дар умури ҳамлу нақл ва имдоду наҷот хост, ки барои коҳиши ба мавқеи хисороти ҳодисаҳои табиӣ дар ин кишвар ва таҳияи нақшаи кулли манотиқи хатарзо дар ҷодаҳо иқдом кунанд.