Феврал 11, 2017 11:49 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди сафири Иттиҳоди Аврупо ба коҳиши вобастагии иқтисодии Тоҷикистон

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон барои татбиқи Стратегияи рушди миллӣ то соли 2030 бояд иқтисодашро аз авомили берунӣ раҳоӣ бахшад.

 

Ба гузориши хабаргузории “Озодагон”, Ҳидоят Бишчевич дар нишасти хабарии ахири худ дар шаҳри Душанбе афзуд, иқтисоди Тоҷикистон ба пули муҳоҷирон, қимати пахта ва нархи арзиз дар бозори ҷаҳонӣ вобастааст, ки дар сурати идомаи ин раванд иҷрои Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон то соли 2030 кори бисёр сахте хоҳад буд.

Ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад, моҳи майи имсол Стратегияи рудши миллии ин кишвар то соли 2030-ро ба Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел муаррифӣ кунад.

Сафири Иттиҳоди Аврупо зиёд будани сатҳи андоз дар Тоҷикистон, бавижа барои ширкатҳои аврупоиро аз дигар мушкилоти иқтисодии ин кишвар унвон карда гуфтааст, ширкати “Tcell”, ки наздик ба 1500 корманди доимӣ ва беш аз 8 ҳазор корманди муваққатӣ дорад, мумкин аст, дар сурати идомаи фишорҳои молиётӣ фаъолияти худро мутаваққиф кунад. Бишчевич муътақид аст, ки Тоҷикистон агар мехоҳад дар оянда кишвари қудратманд шавад, бояд дар рақобати қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақаӣ аз манофеи хеш дифоъ кунад. Ӯ ин нуктаро низ ёдоварӣ кардааст, ки Тоҷикистон ба танҳоӣ 40 дарсад аз кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказиро дарёфт мекунад.