Нашри маҷаллаи "Тоҷикистон" дар Туркия
Дар Туркия дар ҳамкории сафорати Тоҷикистон бо Шӯрои робитаҳои иқтисодии хориҷии Туркия (DEIK) ва рӯзномаи иқтисодӣ-сиёсии “Дунё” санаи 9 феврали соли 2017 маҷаллаи "Тоҷикистон" бахшида ба “25-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия” ба теъдоди 67 ҳазор нусха аз чоп баромад.
Ба иттилои сайти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар мақолаҳои маҷалла ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибат ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Туркия, имконияти рушди ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави Тоҷикистон бо истифода аз ашёи хоми маҳалӣ, зарурати ҳамкориҳои муштарак дар татбиқи се ҳадафи стратегии Тоҷикистон тасвир гардидааст.
Муҳтавои мақолаҳои маҷалла аз мавҷудияти иқтидори фаровони ду кишвар ва омодагии ҷонибҳо барои идомаи ҳамкориҳои фарогир дар соҳаҳои мухталиф шаҳодат медиҳад.