Радди овозаи ирсоли силоҳҳои русӣ барои Толибон аз хоки Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Кобул иддаои намояндаи Қундуз дар Парлумони Афғонистон мабнӣ бар интиқоли силоҳҳои русӣ барои Толибон аз тариқи хоки Тоҷикистонро бепояву асос хонд.
Ба иттилои хабаргузории Форс, Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Кобул зимни радди иддаои Абдулвадуд Паймон, намояндаи Қундуз дар Парлумони Афғонистон мабнӣ бар интиқоли силоҳҳои сохти Русия аз тариқи хоки Тоҷикистон барои Толибон гуфт, ин шойиаҳо ҳафтаи гузашта пас аз бозгашти намояндаи Парлумони Афғонистон аз Қундуз матраҳ шуд .
Сафири Тоҷикистон дар Кобул гуфт, Паймон барои тайиди ин хабар ҳеч далеле надорад ва ин намояндаи Парлумони Афғонистон шахсан аз вай барои интишори ин хабар дар расонаҳои афғон узрхоҳӣ кардааст .
Намояндаи Парлумони Афғонистон дар изҳороти худ муддаӣ шуда буд дар ҳоле, ки интиқоли силоҳ аз Покистон ба шимоли Афғонистон ғайримумкин аст, силоҳҳои русӣ аз тариқи Тоҷикистон тавассути рудхонаи Амударё ба навоҳии Дашти Арчӣ ва Дарқади вилояти Қундуз мунтақил мешаванд .
Аммо сафири Тоҷикистон дар Кобул гуфт, дар 12 соли ахир ҳифзи марзҳои ҷанубии Тоҷикистон бар уҳдаи марзбонони тоҷик буда ва ҳеч низомии русӣ имкони дастрасӣ ба манотиқи марзии ин кишварро надорад ва дурбинҳои мадорбаста аз тарафи марзбонҳои тоҷик барои ҳифзи марз насб шуданд .