Феврал 13, 2017 21:04 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли вуруди ҷангиёни ДИИШ ба Осиёи Марказӣ

Замир Кобулов- фиристодаи вижаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, хатари вуруди ҷангҷӯёни мусаллаҳ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.

Кобулов дар гуфтугӯ бо хабаргузории ТАСС изҳор доштааст, ки феълан Толибон дар иттиҳод бо ҷангҷӯёни дигар дар марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ду пойгоҳи асосӣ ташкил кардаанд, ки теъдоди умумии онҳо ҳудуди 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. 

Фиристодаи Путин гуфтааст, пеш аз ҳама таҷаммӯи ҷангҷӯёни ДИИШ дар музофоти Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон нигаронкунанда аст. Фиристодаи вижаи раиси ҷумҳури Русия дар умури Афғонистон дар идома таъкид кардааст, ки дар сурати ташдиди авзоъ ва қасди ҷангҷӯён барои убури марз ба Тоҷикистон, агар мақомоти тоҷик дархост кунанд, нерӯҳои СПАД барои мубориза алайҳи ифротгароён эъзом хоҳанд шуд ва қаблан  чунин навъи ҳамкорӣ тариқи размоишҳо роҳандозӣ ва такмил шудааст. 

Кобулов инчунин аз таҷаммӯи ҳудуди 1 ҳазор ҷангҷӯ дар марз бо Туркманистон хаба дода, изҳор доштааст, ки ба назари ӯ  мақоми бетарафии ин кишвар низ наметавонад пеши роҳи ДИИШ-ро бигирад. 

Зулфиқори Исмоилиён таҳлилгари масоили минтақаӣ дар Душанбе бар ин назар аст, ки иттилооти мақомоти русӣ бе появу асос нест ва кишварҳои минтақа бояд ин ҳушдорҳоро ҷиддӣ бигиранд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Абдулвадуд Паймон-намояндаи порлумони Афғонистон муддаӣ шудааст, ки Толибон дар сафаҳоти шимолии ин кишвар аз тариқи хоки Тоҷикистон тавассути русҳо бо силоҳҳои муосир таҷҳиз мешаванд.

Пештар вазири дохилаи Тоҷикистон низ дар як нишасти хабарӣ эълом кард, ки мақомоти амниятии тоҷик аз таҷаммуӣ ҷангҷӯён дар наздикии марзҳои ин кишвар иттилоъ  ва тамоми таҳаррукоти онҳоро ба диққат зери назар доранд.

 

Барчасп