Афзоиши дуздӣ аз манзилҳо дар Тоҷикистон
Аҳолии шаҳри Душанбе аз афзоиши дуздӣ дар манозили маскунӣ ба шиддат ибрози нигаронӣ мекунанд.
Ба гузориши сайти Фарғона, дар ҳамин ҳол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ бо таъйиди ин мавзӯъ аз афзоиши дуздӣ аз манозили маскунӣ дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Генерал Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикистон низ дар нишасти ахири хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки соли гузашта 5 ҳазору 42 мавриди дуздӣ аз манозили маскунӣ дар Тоҷикистон ба сабт расида, ки ин рақам дар соли 2015 4 ҳазору 761 маврид ва соли пеш аз он 3 ҳазору 684 маврид будааст.
Агарчӣ мақомоти Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар мавриди илали афзоиши дуздӣ тавзеҳ надодаанд, аммо бештари коршиносони масоили иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муътақиданд, ки иллати аслии афзоиши ин гуна ҷурмҳо бекорӣ ва фақр аст.
Дар солҳои ахир наздик ба 400 ҳазор шаҳрванди ин кишвар аз Русия ихроҷ шудаанд, ки аксарашон дар Тоҷикистон шуғле надоранд.