Феврал 14, 2017 10:28 Asia/Dushanbe
  • Варшикастагии ширкати “Барқи тоҷик” барои вогузорӣ ба афроди хос

Иқтисоддони тоҷик муддаӣ аст, ки ҳукумати Тоҷикистон қасд дорад бо варшикаста кардани ширкати давлатии “Барқи тоҷик”, ин созмонро ба афроди мавриди эътимоди худ вогузор кунад.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, Хуршед Саидов гуфтааст, ки ширкати давлатии “Барқи тоҷик” ба далели нотавонӣ дар пардохти бидеҳии 13 миллиарду 700 миллион сомонӣ худ амалан варшикаста шудааст ва ҳукумат бо тағйири сохтории ин созмон ва тақсими он ба чанд идора онро ба афроди мавриди эътимоди худ вогузор хоҳад кард.

Ин иқтисоддони тоҷик афзуд, мушкили ширкати давлатии “Барқи тоҷик” нотавонӣ дар ҷамъоварии ҳазинаи барқи масрафии бахши хонагӣ, корхонаи олюминиюм ва ширкатҳои кишоварзии Тоҷикистон аст, ки ба миллиардҳо сомонӣ расидааст.

Саидов гуфт, ҳамчунин тарҳи сохти чанд хати ҷадиди интиқоли барқ дар Тоҷикистон дар солҳои ахир бо дарёфти вомҳои калон аз Чин бори сангини қарзро бар иқтисоди ин кишвар таҳмил кардааст.

Ин дар ҳолест, ки бештари нерӯгоҳҳои обии Тоҷикистон, ки беш аз 60 сол боз фаъол ҳастанд, бояд бозсозии таҷҳизотӣ шаванд, ки ин амр танҳо бо таъмини вомҳои хориҷӣ имконпазир хоҳад буд.

Ниҳодҳои молии байналмилалӣ ва минтақаӣ ба баҳонаи арзон будани қимати барқ дар Тоҷикистон, ихтисоси вомҳову эътибороти ҷадид ба ин кишварро машрут ба афзоиши қимати барқ мекунанд.

Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон дар 7 соли ахир 5 бор қимати барқро афзоиш додааст ва баҳои ҳар киловат соат барқ барои бахши хонагӣ аз 6 дирам дар соли 2009 ҳамакнун ба 14,5 дирам расидааст.

 

Барчасп